• Home »
  • ХАБАР »
  • Ташрифи меҳмонон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташрифи меҳмонон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи меҳмонон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар доираи сафари корӣ ҳайати ташрифотӣ таҳти роҳбарии Сардори раёсати мубориза зидди терроризм ва экстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент полковники милитсия Ҷамолов Отабек Атоевич, аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дидан намуданд.


  Ҳайати меҳмононро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ва сардорони ҷузъу томҳои Академия пешвоз гирифта, аз раванди таълим ва шароитҳои ин боргоҳи таълимии кишвар шиносоӣ пайдо намуданд.

  Дар ҷараёни боздид аз ин боргоҳи таълимӣ ҳайати меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмию таълимӣ мулоқот ва суҳбатҳои муфид анҷом доданд. Ба шайати ташрифотӣ инфрасохтори нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси факултети № 6, ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири электронӣ, студияи телевизионии «Наврӯз» ва ғайра намоиш дода шуд. 

Номбурдагон зимни боздид аз Академия изҳор намуданд, ки роҳбарияти давлат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбия барои курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар раванди таълим омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ басо муфид мебошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin