• Home »
  • ХАБАР »
  • Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор
Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор

Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор

  Дар доираи сафари расмии корӣ намояндагони Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва экстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент, полковник Ҷамолов Отабек Атоевич баҳри шиносоӣ пайдо намудан аз таъриху фарҳанг ва маданияти шаҳрсозиву шоҳкориҳои бемисли миллати тоҷик ба қалъаи Ҳисор ташриф оварда, бо роҳбаладии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷузъиётҳои таърихи қадимаи миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.


  Қалъаи Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикнишин ба ҳисоб рафта, аз миллати фарҳангофару шаҳрнишин ва фарҳанги волову устокории бемисли миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
  Ҳайати меҳмонон бо тамошои ин мавзеи фарҳангию таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
  Номбурдагон иброз доштанд, ки воқеан бо талошу заҳматҳои роҳбарияти олии ҳарду кишвар, имрӯз шаҳвардону сокинон бе мамоният метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар ташриф оварда, аз урфу одат ва пешравиҳои ҳамдигар шиносоӣ пайдо намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin