• Home »
  • ХАБАР »
  • Иқдом: Насби рақамҳои телефони нозирони минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе
Иқдом: Насби рақамҳои телефони нозирони минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе

Иқдом: Насби рақамҳои телефони нозирони минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе

  Дар доираи ба роҳ мондани ислоҳоти милитсия ва иҷроиши бандхои Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 роҳбарият Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар тамоми даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту муаассисаҳо, кӯчаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, рақамҳои телефони ВКД, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, суроғаи ҷойгиршавии утоки кории нозири минтақавӣ, инчунин ному насаб ва рақамҳои телефони нозири минтақавиро насб менамояд.


  Алакай аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дар якқатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ навиштаҷоти “ТАВВАҶҶӮҲ” бо суроғаи Нозири минтақавии милитсия ва рақамҳои телефони мобилии он насб карда шудааст.
  Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамбастагӣ метавон тамоми амалу кирдори номатлуб дар ҷомеаро решакан намуд. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодиса ва амалу кирдорҳое, ки боиси халалдор гардидани осоиштагии шаҳрвандон мегардад, худро бетараф нагирифта, бо мақомоти милитсия, махсусан нозири минтақавии худ дар иртибот бошанд.


  Дар навбати худ милитсияи пойтахт шаҳрвандонро бовар мекунонад, ки бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи Шумо шаҳрвандон, пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок гирифта шуда, осоишагиву сулҳу суббот таъмин карда хоҳад шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin