• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт
Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт

Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт

  Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо кору фаъолият ва шароитҳои хизматбарии милистияи пойтахт ҳайати ташрифотӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент полковник Ҷамолов Отабек Атоевич ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташиф оварданд.

  Нахуст дар саҳни ҳавлии раёсат меҳмонон бо гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ, ки аз ҳисоби тамоми бахшҳои милитсия созмон дода шудааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар камтарин фурсат ҷиҳати пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб ба ҷои ҳодиса сафарбар карда мешаванд.


  Зимни мулоқот хайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.
  Номбурдагон аз тамоми шарту шароитҳои фаъолияти хизматии милитсияи пойтахт аз наздик шинос шуда, иброз доштанд, ки мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муҳим мебошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin