• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»
Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»

Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»

  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати намоядагони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбаладии роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе баҳри шиносоӣ пайдо намудан бо таърих ва фарҳангу маданияти миллати тоҷик аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.


  Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ диққати ҳайати меҳмононро бозёфтҳои қадима аз «Тахти сангин», «Саразм» ва «Ҳулбук»-у дигар маконҳои таърихии халқи тоҷик, ки зимни кашфиётҳои бостоншиносӣ пайдо гардида, аз таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.


  Мавриди зикр аст, ки ҳайати намояндагони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тамошои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ин иқдоми роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахтро хуб пазируфтанд.
  Ҳамзамон барои шиносоӣ пайдо намудан аз анвои хурокворӣ ва маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик ҳайати намояндагони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз бозори «Меҳргон» дидан намуда, аз растаҳои пури анвои гуногуни хушкмеваю сабзавот ва дигар анвои хӯрока дидан намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin