Боздид аз кохи Наврӯз

Боздид аз кохи Наврӯз

  Дар доираи сафари расмии корӣ намояндагони Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва экстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент, полковник Ҷамолов Отабек Атоевич ба Кохи Наврӯз ташриф оварда, аз шоҳкориҳои меъморону ҳунармандони миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.


  Нақшу нигорҳои кандакоришуда дар чӯб, ки бо як маҳорати махсуси устоҳои чирадасти тоҷик сохташудаанд, ҳайати меҳмононро ба ҳайрат гузошта, ба чунин шоҳкорӣ изҳори таҳсин намуданд.
  Зимни боздид аз Кохи Наврӯз диққати ҳайати меҳмононро утоқи махсусе, ки баҳри пешравиҳои беназир дар ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бахшида шуда, дар девори он парчамҳои давлатҳои аъзоёни он аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаккокӣ шудаст, ба худ ҷалб намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin