• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқот бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт
Мулоқот бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт

Мулоқот бо Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт

  Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳолӣ бо мақомоти милитсия ва натиҷагирӣ аз фаъолияти Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт, дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқот ва суҳбати озоду ошкоро баргузор гардид. Дар он муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори ШҲТҶ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ Хол, муовинони ШВКД-ҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсия ва сокинони фаъоли маҳаллаҳои пойтахт ширкат намуданд.


  Нахуст муовини аввали Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. П. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба хубӣ мебарояд, ки ин пеш аз ҳама аз ҳамбастагӣ ва робитаи судманд ва бовариву эътимоди мардум ба милитсия сарчашма мегирад. Дар ин замина саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад.


  Бояд гуфт, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф вазифаи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як нафар сокини кишвар, махсусан шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Маҳз дар тӯли чанд соли охир бо талошу заҳматҳои Ҳукумаи кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар симои худро куллан дигар намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳама обову пешравиҳое, ки амалӣ гаштаистодаанд ҳар яки моро водор месозад то беш аз пеш фаъолият ва заҳмати дучанд намуда, барои ба наслҳои оянда як мулки обод боқӣ гузоштан заҳмат намоем.
  Зимни суханронӣ Дадабойзода Ҳ. П. иштирокдорони мулоқотро ба ҳамкории боз ҳам зич ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва пешгирии амалу кирдорҳои наматлуб дар ҷомеа даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳамеша бояд фаъолони ҷомеа бо кормандони милитсия, махсусан нозирони минтақавии милитсия дар алоқаи зич бошанд, зеро тибқи таҳлилҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлубро гирифт.


  Дар идомаи суханронии худ номбурда иброз намуд, ки имрӯз бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, нозирони минтақавии милитсия бо шароитҳои хуби хизматӣ таъмин карда шудаанд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани фаъолияти оперативӣ-хизматии нозирони минтақавӣ дар минтақаи хизматӣ оварда расонидааст.
  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур Дадабойзода Ҳ.П. таъкид намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳар як нафар корманди милитсия ба хусус нозирони минтақавии милитсияи пойтахт ва Дружиначиёни ихтиёриву фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти баланди касбию шаҳрвандиро талаб менамояд. Зеро сол то сол шумораи сайёҳон ва гардишгарони хориҷӣ ба кишвари мо зиёд ташриф меоваранд, ки ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва амнияти онҳо пеш аз ҳама муносибати хубу фаъолияти ҳамаҷониба лозим аст.


  Вобаста ба ин ба нозирони минтақавӣ дастур дода шуд, ки минтақаи хизматии худро ҳамеша зери назорати оператӣ қарор дода, ҳамзамон бо фаъолони ҷомеа махсусан Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар алоқаи зич бошанд, то нагузоранд ашхоси бегонаву ношинос ва нафарони шубҳаовар дар минтақаҳои хизматӣ ҷой гирифта, вазъи тартиботро халалдор созанд.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур ба хотири беҳтар гардидани фаъолияти нозирони минтақавӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин робитаи наздики шаҳрвандон бо милитсия як қатор фаъолони ҷомеа ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия суханронӣ ва таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.


  Дар охири ҷаласа ба зиёда аз 30-нафар Дружиначиёни ихтиёрии милитсияи пойтахт ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкории судманд бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гузоштани саҳми арзанда дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin