• Home »
  • ХАБАР »
  • Аввалин натиҷаҳои амалиёти «Корд» дар соли 2020
Аввалин натиҷаҳои амалиёти «Корд» дар соли 2020

Аввалин натиҷаҳои амалиёти «Корд» дар соли 2020

  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар семоҳаи 4-уми соли 2019, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар якчанд марҳила роҳандозӣ карда шуд, ки дар натиҷа пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз кор гирифта шуд. Мавриди зикр аст, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
  Аз ҷумла дар авали соли 2020 кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ 8-нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 8-нафар шаҳрвандон 7-адад корд ва 1-адад кастет дарёфту мусодира карда шуданд.
  Чуноне аз таҳлилҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноятии дар соли сипаригардида бармеоянд, бо худ гардонидани чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда оқибати хуб надорад. Дар бештари маврид он ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир шудаанд, нафарони гумонбар бо худ силоҳи сард махсусан корд доштаанд. Чунин афрод дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равона гардидаро содир мекунанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла шаҳрвандони зерин:

Маматалиев Ҳасан Ҳигматуллоевич, соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Р. Набиев, пеш 2 маротиба бо моддаҳои 244 ва 252 суд шидаст, як-адад корд;

Мансуров Ҳоҷимурод Хурсандмуродович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Ҳисор деҳаи Нав, як адад корд;

Абдуллоев Ҳайдар Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳбо, як-адад корд;


Донаев Умедҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи А. Дониш, хонандаи синфи 9- «в» МТМУ №41, як-адад корд;

Юлдошов Сайёд Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, деҳаи Пистамазор, як-адад корд;


Усмонов Мирзоҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан кӯчаи Абдуллоев, як адад корд;

 

Яъқубов Билол Мамутовиҷ, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Есенин, як-адад корд;

Қурбонов Насим Баҳриддинович, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ, як-адад кастет;


  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохӯши он хуб огаҳанд, бе тараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.
  Дар навбати худ милитсияи пойтахт низ то охирин лаҳза ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin