Таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа

  Пешгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва субот дар ҷомеа ва садоқати ҷавонон нисбат ба давлат мавзӯъҳое буданд, ки рӯзи 4-уми декабр дар вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар дар Шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино иброз гардид.


  Дар ин мулоқот сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ин шуъба подполковники милитсия Рустам Холзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло Давлатзода, раиси Созмони ҷавонони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Наврӯз Гулов, роҳбари ҷавонони гурӯҳи “Авангард” Фирӯзи Маҳмадулло ва ҷавонони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Дар оғози баргузории ин ҷамъомад Рустам Холзода баромад намуда, иброз дошт, ки ҷавонони кишвари мо баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои неки худ дар пешрафти ҷомеа бетарафӣ накарда, пайваста миёни ҳамсолони худ ва дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҳамроҳӣ менамоянд, ки ин боиси таҳсин ба чунин ҷавонони ғамхори миллат мебошад.


  Дар навбати худ сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино полковники милитсия Илҳомҷон Файзуллозода ба сухан баромада, иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, тамоми ғамхорӣ ва таъмини шароитҳо барои илмомӯзию донишандӯзӣ ва дигар самтҳои фароғатию истироҳатӣ аз тарафи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин насли ояндасоз фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон махсус қайд намуданд, ки: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина, маърифату ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихор мебошанд».
  Масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи инсонгароӣ ва саҳмгузории онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 

  Дар фароварди суханрониаш Илҳомҷон Файзуллозода қайд намуд, ки вазифаи муқаддаси ҳар яки мову шумо ба камол расонидани насли солим, нерӯманд, миллатдӯсту меҳанпараст мебошад. Агар мо ин рисолати азалии хешро ба ҷо орем, пас ба ояндаи дурахшон хоҳем расид. Дар ин замина, аз кули ҷавонони фаъоли кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ҳамкории хешро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда, дар якҷоягӣ баҳри пешгирии ҷиноякорӣ дар кишвар муборизаи беамон барем.
  Ҳамчунин, роҳбари гурӯҳи «Авангард» Фирӯзи Маҳмадулло доир ба нақши ҷавонони фаъоли кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонони фаъоли мо имрӯзҳо дар корҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолона ширкат намуда истодаанд. Ҳамеша пайравӣ аз сиёсати Роҳбари давлат намуда, дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin