• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаллобии “табиби халқӣ”: Табобат бо тилло, дуохонӣ ва миёнбандӣ (Видео)
Қаллобии “табиби халқӣ”: Табобат бо тилло, дуохонӣ ва миёнбандӣ (Видео)

Қаллобии “табиби халқӣ”: Табобат бо тилло, дуохонӣ ва миёнбандӣ (Видео)

  Гарчанде борҳо аз фиребу макр ва амалҳои мардумфиребонаи нафарони сеҳргару ҷодугар, гузоришҳо нашр карда бошем, ҳам мутаассифона боз дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки роҳҳои наверо кашф намудаву ба чунин амалҳо даст мезананд.
  Кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро дастгир намуданд, ки ӯ тамоман бо усули нав, яъне бо тилло гӯё ба дарди шаҳрвандон дармон мебахшидааст.

  Ин нафар шаҳрванд Ҷураева Наҷмия Додарбековна соли таваллудаш 1982 зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошад, ки ба шаҳри Душанбе омада, ба мардумфиребӣ бо роҳи табобат машғул будааст.


  Зимни омӯзиш ва мавриди санҷиш қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда, худро ба шаҳрвандон бо ҳар номе табиби халқӣ муаррифӣ намуда, мегуфтааст, ки ба воситаи тилло бахткушо, баровардани сеҳру ҷоду ва инчунин як қатор бемориҳои дигарро низ гуиё табобат мекунад.
  Масалан номбурда бо мақсади он ки муносибатҳои як нафар зани 31-солаи сокини пойтахтро бо шавҳараш хуб мекарда бошад, ба боварии ӯ даромада, як миқдор ҷавоҳироти арзишманди тиллоиро гӯиё дуохонӣ намуда, дар миёнаш бастааст. Пас аз чанд лаҳзае бо мақсади маротибаи дуюм дуохонӣ намудан ҷавоҳироти тиллоиро кушода гирифта дар ҷайбаш пинҳон кардааст. Бо ин роҳ ба ҷабрдида зиёда аз 105-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.


  Ҳамин тариқ номбурда дар айни замон барои содир намудани 9-ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, бо ин роҳ ба шаҳрвандон 66-ҳазор доллари амрикоӣ ва 215-ҳазору 550 сомонӣ зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст.
  Айни замон нисбати гумонбаршаванда Ҷураева Наҷмия Додарбековна тибқи талаботи моддаи 247-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin