Эълон

Эълон

  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 31 декабри соли 2019 чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашнгирии Соли нави мелодии 2020 дар майдони Дӯстии пойтах ва кӯчаи Сино дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
  Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинии мазкур, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз соати 16:00 то анҷоми чорабинӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаи Раҳимӣ: аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Шоҳтемур ва Сино аз кӯчаи Шерозӣ то Раҳимӣ манъ карда мешавад.
  Бо ҳамин сабаб аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи воситаҳои нақлдиёти шахсиашон бе зарурият худдорӣ намуда, аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
  Ҳамзамон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти шахсии худро дар шафати кӯчаҳои зикргардида беназорат нагузоранд, зеро аз ҷониби кормандони бозрасӣ ба воситаи воситаҳои нақлиёти эвакуторӣ ба ҷаримагоҳи БДА интиқол дода мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin