Мулоқот бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Синои пойтахт

Мулоқот бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Синои пойтахт

  Дар толори маҷлисгоҳи ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мулоқоти кушод ва суҳбати озоди Садори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил бо ҷавонони фаъоли ноҳия ва аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Авангард» баргузор гардид.
  Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон сардори ХПҲНҶ ШВКД-2 дар ноҳияи Сино капитани милитсия Саидов Ҳафизулло Ғайратшоевич, роҳбари ҷавонони гурӯҳи «Авангард» Фирӯзи Махмадулло, ҳайаи шахсии Шуъбаи мазкур ва як қатор ҷавонони фаъол ширкат намуданд.


  Тавре зимни суханронии худ Сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино Исмоилзода Зафар иброз дошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрату тавоноии насли ҷавон боварӣ ва эътимоди қавӣ дошта, онҳоро ояндасози миллату давлат унвон кардаанд. Ин ғамхорӣ ва ҷаваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти олии кишвар аз ҳар як нафари бо нангу номус тақозо менамояд, то пайваста ба андӯхтани илму дониш машғул шуда, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд.
Чуноне номбурда иброз дошт, имрӯз барои ба таълиму тарбия, донишомӯзӣ, фароғат ва варзиш фаро гирифтани ҷавонони пойтахт бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кившар муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳо ва тамрингоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои забономӯзӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ ба истифода дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо барои кулли ҷомеа дастрас мебошанд.
  Дар ҷараёни мулоқот Исмоилзода Зафар аз саҳми ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», дар тӯли 5-соли таъсисёбӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати саҳмгузории беандоза дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа изҳори таҳсин намуд.
  Дар идомаи мулоқот Зафар Исмоилзода вазъи ҷиноятсодиркунии ҷавонон ва омилҳои ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои тунгаро шомил гардидани ҷавононро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон пеш аз ҳама фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваю воситаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ дар ин ҷода зарур мебошад. Вобаста ба ин номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз нуфузу эътиборе, ки дар байни ҷомеа касб намудаанд, ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои ношоям дар байни ҳамсолони худ саҳмгузор бошанд.


  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур роҳбари ҷавонони гурӯҳи “Авангард” Фирӯзи Маҳмадулло суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷавонон пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, бо андӯхтани илму дониш, одобу рафтори намунавӣ дар пешрафту шукуфоӣ ва муаррифисозии Ҷумҳурии Точикистон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми худро мегузоранд. Номбурда изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ба мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар таъмини тартиботу осоиштаҳолии кишвари саҳми худро мегузоранд.
  Дар анҷоми мулоқот 12-нафар ҷавонони фаъол бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin