Идомаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Идомаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор медиҳад. Аз ҷумла дар самти мушкилоти роҳу нақлиёт, ки шаҳрвандон худро бетараф нагирифта, қоидавайронкуниҳои дағали ронандагонро ба новор ва аксбардорӣ намуда, ҷиҳати чораҷуӣ ба унвонии раёсат мефиристанд, тамоми чораҳои дахлдор андешида мешавад.
  Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ронандагони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ронандагони зерин аз ҷониби ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки қоидавайронкунии онҳо аз рӯйи аксҳои фиристодашуда, исботи худро ёфтаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар камоме аз онҳо мувофиқи қоидавайронкуниашон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла нисбати ронандагони зерин:

Раҳимов Шодмон Назаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-470, рақами қайди давлатиаш 4242 GG 03;

Қурбоналиев Бахтовар – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0002 GО 01;

Ҷабборов Комил Ҳасанович – ронандаи автомашинаи тамғаи Порше, рақами қайди давлатиаш 8404 JJ 01;

Маҷидов Абдулло Мирзомуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1216 НН 01;

Акбаров Ҷивоншо Ризвоншоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-350, рақами қайди давлатиаш 111 DD 01;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin