• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи амалиёти «Корд»: Боздошти 11-нафар ва мусодираи даҳҳо адад корду кастет дар 3 рӯзи амалиёт
Идомаи амалиёти «Корд»: Боздошти 11-нафар ва мусодираи даҳҳо адад корду кастет дар 3 рӯзи амалиёт

Идомаи амалиёти «Корд»: Боздошти 11-нафар ва мусодираи даҳҳо адад корду кастет дар 3 рӯзи амалиёт

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз санаи 27-уми ноябр то санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ 11-нафар боздошт шуд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд, ки дар ҷараёни амалиёт дарёфту мусодира карда шуд.
  Тавре қаблан иттилоъ дода будем амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
  Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 11-нафар шаҳрвандон 10-адад корд, 2-адад кастет ва як адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.
  Бояд гуфт, ки бо худ гардонидани чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда оқибати хуб надорад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд нафароне, ки бо худ чунин силоҳҳои сардро мегардонанд дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равонагардидаро содир мекунанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима  то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.
  Аз ҷумла аз шаҳрвандони зерин:

Назриев Абдулло Назриевич, соли таваллудаш 1995, зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, 3 адад корд;

Низомов Зоир Хайриддинович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Титова, 1 адад корд;

Нурбабаев Неъматҷон Фозилович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Ғ. Абдулло, 1 адад корд;

Муҳаммадюсуфи Сафаралии Аҳмадзода, соли таввалудаш 01. 09.2001, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Борбад, 1 адад корд;

Наботов Тоҷиддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 03. 11. 2004, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Қабодиён, 1 адад электрошокер;

Раҳимов Муродалӣ Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 08. 04. 2002, истиқоматкунандаи н. Фирдавсии шаҳри Душанбе, 1 адад корд;

Азимов Рамазон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 20. 01. 1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Назаршоев, 1 адад кастет;

Кабиров Фаридун Раҷабович, соли таваллудаш 05. 04. 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи М. Турсунзода, 1 адад корд;

Саидов Бахтовар Амирҳамзалиевич, соли таваллудаш 18. 02. 2002, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Шамсӣ, 1 адад корд;

Раҳмони Давлат, соли таваллудаш 07. 09. 2001, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, донишҷӯи бахши якуми Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, 1 адад кастет;

Қулматов Асадулло Хуррамович, соли таваллудаш 22. 06. 1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Зарафшон, 1 адад корд, дарёфту мусодира карда шуданд.

  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирита гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нанговари он хуб огаҳанд, бе тараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.
  Дар навбати худ милитсияи пойтахт низ то охирин лаҳза ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin