• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Мусодираи 334-адад оташфаввораҳои тарфгарӣ
(Видео) Мусодираи 334-адад оташфаввораҳои тарфгарӣ

(Видео) Мусодираи 334-адад оташфаввораҳои тарфгарӣ

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ оид ба манъ будани фурӯш ва истифодаи маводҳои тарфгарӣ ҳанӯз баъзе аз нафароне, ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт ба фурӯши ғайриқонунии он машғул мешаванд.
  Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафарро дастгир намуданд, ки дар фурӯши ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ гумонбар дониста мешаванд.


  Шаҳрванд, Алимардонов Камолидин Анақулович соли таваллудаш 26.07.1982 сокини ноҳияи Рудакӣ деҳаи Қаҳрамон, мебошад. Номбурда маводҳои оташфавораҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳрим Душанбе оварда бо фурӯши он аз ин ҳисоб мақсади ба даст овардани маблағро дошт.
  Зимни кофтукови шахсӣ аз номбурда оташфавораҳои пиратехникӣ дар ду адад борхалтаҳои сурх ва як адад селофани полиетилени ёфта гирифта шуд, ки миқдори маводҳои тарфгарӣ 334 ададро ташкил медиҳад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Комолиддин Алимардонов бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin