Боздошти 3-нафар қиморбоз

Боздошти 3-нафар қиморбоз

  Дар ҷомеа баъзан нафароне ҳастанд, гарчанде чандин маротиба барои содир намудани ин ё он амалу кирдори номатлуб ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида бошад ҳам боз аз чунин амали нангин даст накашида, такрор ба такрор онро содир мекунанд.
  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи роҳандозӣ намдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як чанд гурӯҳ барои машғул шудан ба қиморбозӣ ба истилоҳ «алик-малик» дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида буданд.
  Ин навбат низ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 3-нафарро дастгир намуданд, ки қаблан низ чандин маротиба барои машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда буд.
Инҳо шаҳрвандон:

Баротов Муродалӣ Тошмадович, соли таваллудаш 20.01.1984, зодаи ноҳияи Восеъ;

Олимов Зафар Файзович, соли таваллудаш 02. 11. 1976, зодаи ноҳияи Восеъ;

Шоқулов Шаҳзод Мустафоевич, соли таваллудаш 04. 01. 1984, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошанд.

  Номбурдагон дар кӯча ва бозору маконҳои серодамаи пойтахт ба картабозӣ ба ивази маблағ машғул шуда, бо роҳи фиребу мақр маблағҳои шаҳрвандонро аз они худ мекардаанд.
  Бо дарназардоти ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin