• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздиди ҳайатҳо аз Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ва шиносоии онҳо аз раванди ислоҳоти милитсия
Боздиди ҳайатҳо аз Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент  ва шиносоии онҳо аз раванди ислоҳоти милитсия

Боздиди ҳайатҳо аз Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ва шиносоии онҳо аз раванди ислоҳоти милитсия

  Дар идома ҳайатҳои расмии мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзои ИДМ ба Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент ташриф оварда, нахуст дар назди Лавҳаи хотиравии кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида гулгузорӣ намуданд.


  Сипас чун рамзи дӯстӣ байни мақомотҳои корҳои дохилии пойтахти кишварҳои аъзои ИДМ дар саҳни Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент маросими ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Тавре таъкид гардид, ниҳол чун рамзи сарсабзӣ ва дӯстии миллатҳо ва ба хотири ҳамкории дурахшон дар оянда парвариш карда мешавад.


  Зимнан ҳайатҳои расмӣ аз фаъолияти бахшу хадамотҳои Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент, махсусан аз фаъолияти Раёсати милитсияи сайёҳии шаҳри Тошкент шинос гардида, аз раванди ислоҳот, роҳандозӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон, муносибату муошират бо сайёҳон, роҳбаладии сайёҳон аз ҷониби кормандони милитсияи сайёҳӣ то мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ шинос гардида, ба ин самт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin