• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздиди милитсияи Душанбе аз фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошкент
Боздиди милитсияи Душанбе аз фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошкент

Боздиди милитсияи Душанбе аз фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошкент

  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати милитсияи шаҳри Душанбе ба Академяии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон ташриф оварда, аз фаъолияти ин муассисаи таълимӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
  Нахуст дар мулоқоти алоҳида, ки дар толори Академия байни роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекстон ва ҳайати ташрифотии милитсияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, шароитҳои таҳсилу таълим, омоданамоии мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои тафтишот, хадамотҳои оперативӣ, криминалистика, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории ин муассисаи олии касбии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон бо дигар муассисаҳои олии касбии кившарҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.


  Дар идома ҳайати ташрифотии милитсияи шаҳри Душанбе аз шароитҳои корӣ ва раванди таълим, синфхонаҳои таълимӣ, маркази электронии идоранамоии таҳсилот, маркази таълимии татбиқи назариявӣ, тамрингоҳ, толору варзишгоҳ ва хобгоҳу ошхонаи курсантон дидан намуд.


  Ҳамчунин сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати милитсияи пойтахт аз Осорхонаи Акадмия дидан намуда, зимни гуфтугӯ бо сардори Академяи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Матлюбов Баҳодур Ахмедович изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти олии касбӣ ва муассисаҳои олии ду кишвар дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin