Баргузории мулоқоти судманд бо ҷавонон

Баргузории мулоқоти судманд бо ҷавонон

  Рӯзи 18-уми декабр дар Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино бо ҷавонони фаъоли ин ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Дар он муовини сардори Шуъбаи мазкур подполковники милитсия Толиб Бобозода, масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва як қатор донишҷӯёну ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Нахуст сардори шуъбачаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаи мазкур подполковники милитсия Рустам Холзода доир ба нақши ҷавонони фаъол дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо изҳори андеша намуд.


  Тавре номбурда изҳор дошт ммрӯз ҷавонони фаъоли кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро мегузоранд. Иштироки ҷавонон зимни баргузории тамоми чорабиниҳо сиёсию фарҳангӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа шоистаи таҳсин мебошад.
  Дар ин замина бояд ҳадафи ҳар як ҷавон танҳо хизмат ба халқу ватан ва дар ин доира, мубориза бо омилҳои номатлуб, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҳамсолони хеш бошад. Зеро ба андешаи мавсуф, аз назарҳои машҳуртарин равоншиносону педагогҳои олам бармеояд, ки принсипи “таъсири ҳамсол ба ҳамсол” сода, осон ва пуртаъсир аст.
  Тавре дар мулоқоти мазкур иброз гардид, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо бахусус насли калонсол ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, нерӯманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад. Агар мо ин рисолаи таърихиро ба ҷо оварда тавонем, ба ояндаи неки ворисони хеш ва пойдории ватану миллатамон умед баста метавонем.


  Ҳамчунин, дар идомаи мулоқоти мазкур Фирӯзи Маҳмадулло дар тақвияти суханони боло доир ба дастовардҳои назарраси ҷавонони фаъол дар пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта андешаронӣ кард. Тавре зикр гардид, танҳо дар ҳамбастагӣ бо тамоми қишрҳои  ҷомеа мо метавонем пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеаро гирифа, як ҷомеаи солиму муттамаддин ба наслҳои оянда боқӣ гузорем.


  Дар охир барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ташкили самараноки кор ҷиҳати иштироки дастаҷамъона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза ба ҷинояткорӣ, инчунин гузоштани саҳми назаррас дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ якқатор ҷавони фаъол бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сироҷиддин Шукуров
Тоҷиддин Латипов

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin