• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории аввалин ҷаласаи сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти давлатҳои ИДМ дар Тошкент (видео)
Баргузории аввалин ҷаласаи сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти давлатҳои ИДМ дар Тошкент (видео)

Баргузории аввалин ҷаласаи сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти давлатҳои ИДМ дар Тошкент (видео)

  Санаи 28 ноябри соли ҷорӣ ҳайати расмии милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати иштирок дар аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Тошкент сафари корӣ доир намуданд.

  Тавре иттилоъ дода шуд, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳайатҳои расмии дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла сардори Сарраёсати политсияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон генерал-майори политсия М.Сеидов, муовини сардори Раёсати политсияи шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон полковники политсия А.Мамиконян, сардори Сарраёсати ВКД дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия генерал-майори политсия И.Кубраков, сардори Департаменти политсияи шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон полковинки политсия Е.Седанов, муовини сардори Сарраёсати ВКД дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон полковинки милитсия М.Насиров, муовини сардори Раёсати политсияи шаҳри Кишинёв, ҳамзамон нозири генералии политсияи ВКД Ҷумҳурии Молдовия комиссар М.Граз, сардори Сарраёсати ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва генерал-лейтенанти политсия О.Баранов, сардори Раёсати политсияи шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон майори политсия В.Атаев ва ҳамчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Тошкент ташриф оварданд.


  Санаи 29 ноябр ҳайати иштирокчиёни ҷаласа нахуст дар назди Муҷассамаи Истиқлолияти шаҳри Тошкент гулгузорӣ намуда, сипас ба толори баргузории ҷаласа ташриф оварданд.
Дар оғози ҷаласа нахуст Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Бобоҷонов Пулат Раззакович суханронӣ намуда, ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Узбекистонро ҷиҳати таъсиси ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ ва баргузории аввалин ҷаласаи онро дар шаҳри Тошкент ҷиҳати муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷаласаи мазкур майдони ягона барои баррасии ҳамкорӣ байни мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ мубаддал гардида, пешниҳод намуд, ки Ҷаласа ҳамчун мақоми ваколатдори доимоамалкунанда эътироф карда шавад.


  Сипас ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамзамон сардори Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкент генерал-майор Ҷураев Рустам Мирзоевич идома ёфта, дар рафти он сардорони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои зикргардида суханронӣ намуданд.
  Дар навбати худ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар маърузаи хеш нахуст аз ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати таъсис ва баргузории Ҷаласаи мазкур, ки заминаи хуби ҳамкориро барои мақомотҳои корҳои дохилии тамоми пойтахти кившарҳои ИДМ фароҳам меорад, дастгирӣ намуда, онро қадами аввалин дар ҷодаи муборизаи дастҷамъона зидди зуҳуроти номатлуб эътироф намуд.
Шариф Назарзода ҳамчунин доир ба масъалаҳои муборизаи якҷоя зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мақомоти милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзо, раванди ислоҳоти милитсияи дар шаҳри Душанбе ва ҳадафу маром ва натиҷаи роҳандозӣ намудани якчанд амалиёту чорабиниҳои профилактикӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе оварда расонидааст, суханронӣ намуд.

  Баъди анҷоми қисмати суханронӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи баргузории аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ Протокол ба имзо расонида шуд.
  Дар асоси Протокол замон ва макони баргузории ҷаласаи дуюмини Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ моҳи сентбяри соли 2020 – шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон муайян карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin