• Home »
  • ХАБАР »
  • Ба имзорасонии аввалин Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ байни мақомотҳои милитсияи Душанбеву Тошкент
Ба имзорасонии аввалин Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ байни мақомотҳои милитсияи Душанбеву Тошкент

Ба имзорасонии аввалин Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ байни мақомотҳои милитсияи Душанбеву Тошкент

  Санаи 29 ноябр баъди ба анҷом расидани қисмати расмии аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ ҷиҳати ба роҳ мондан ҳамкории мутақобилан судманд, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар бар бахшҳои гуногун, пешгирӣ ва муборизаи якҷоя зидди ҳамагуна ҷинояткорӣ ва дар ин замина фароҳам овардани фазои мусоиди ҳамкории дуҷониба байни Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошкент аввалин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.


  Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум сардорони ҳайатҳои расмии ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти аъзои давлатҳои ИДМ иштирок намуда, ин санади ҳамкориро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамзамон сардори Сарраёсати ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошкент генерал-майор Ҷураев Рустам Мирзоевич ба имзо расониданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin