• Home »
  • ХАБАР »
  • Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин
Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

  Сиёсати хориҷӣ ва дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.
  Дар баробари дигар соҳаҳо дар замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расонида шуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии дуҷониба ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.
  Ҳафтаи сипаришуда дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сафари расмии ҳайати намояндагони милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душане генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин сурат гирифт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin