Садама: Итоат накардан ба чароғаки роҳнамо боиси марги инсон гардид (Видео)

Садама: Итоат накардан ба чароғаки роҳнамо боиси марги инсон гардид (Видео)

  Тибқи таҳлилҳо дар аксар маврид нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати роҳ ва суръати баланд боиси рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад, ки дар бештари марид ба оқибатҳои марговар меанҷомад.
  Шом 20-уми ноябри соли равон тахминан соатҳои 22:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чунин садама бо оқибати марг рух дод, ки сабаби асосиаш итоат накардан ба чароғаки раҳнамо мебошад.
  Ронандаи автомашинаи тамғаи Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, шаҳрванд Сафаров Аюб Маҳмадшарипович соли таваллудаш 17. 11. 1994. истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҷамоти Шарора, деҳаи Сафобахш,

ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н. Қарабаев ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар чорроҳа ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст. Дар натиҷа номбурда ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» рақамҳои қайди давлатиаш 5664 DО 01 бархурдааст, ки ронандаи он шаҳрванд Маҳмудов Авзалшоҳ Мирзоалимович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамзамон мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванд Ниёзов Сиддиқ Ҷумабоевич соли таваллудаш 1983 ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта бистарӣ карда шудааст.

  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin