• Home »
  • ХАБАР »
  • Мавриди санҷиш қарор гирифтани «Пранк»-и блогер дар асоси муроҷиати шаҳрвандон
Мавриди санҷиш қарор гирифтани «Пранк»-и блогер дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

Мавриди санҷиш қарор гирифтани «Пранк»-и блогер дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

  Як гурӯҳ корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли наворе аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбати як нафар блогери тоҷик, ки бо сабти наворе шаъну шарафи духтари тоҷикро паст задааст чораҳои қонунӣ андешида шавад.
 Мавриди зикр аст, ки дар ин навори ба мақомоти милитсия фиристодашуда, ки ҳамзамон дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардидааст, ҷавонписари блогер ба қавле «Пранк» ба навор гирифта, ҷавондухтареро гӯиё ба хотири санҷиши «садоқат» партовгоҳе мебарад. Ҷавондухтар аз ин амали ҷавонписари ба қавле дустдораш ба хашм омада, ҷавонписарро дашному сарзаниш намудаву аз макони партовгоҳ фирор мекунад.


  Ҷавони ба қавле блогер бо нашри ин навор занону духтарони тоҷикро паст зада, онҳоро ба бевафоӣ гунаҳкор намудааст.
  Ин амали ҷавони блогер мавриди мазаммат ва вокуниши шадиду манфии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
  Вобаста ба ин дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон муайн карда шуда, ки ҷавонписари дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Беқулов Аҳлиддин Ҷурабекович соли таваллудаш 02.02.1990, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи А. Савдо;

ҷавондухтар шаҳрванд Зиёдуллаева Моҳру Рустамовна соли таваллудаш 16.04.1998 зодаи шаҳри Турсунзода ҷамоати деҳоти Қаратоғ, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Н. Карабоев мебошад.


  Зимни санҷиш ва пурсиши номбурдагон муайян карда шуд, ки навори мазкур бо иҷозат ва хоҳиши худи ҷавондухтар сабт шуда, мехостанд бо ин роҳ машҳур ва бо гузоштани он дар соманаҳои иҷтимоӣ маблағ ба даст оваранд.
  Бо дар назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҷавонписар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin