• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «КОРД»: Мусодираи 20 адад корду кастет ва табару ниқоб дар ду рӯзи марҳилаи сеюм
Амалиёти «КОРД»: Мусодираи 20 адад корду кастет ва табару ниқоб дар ду рӯзи марҳилаи сеюм

Амалиёти «КОРД»: Мусодираи 20 адад корду кастет ва табару ниқоб дар ду рӯзи марҳилаи сеюм

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ду гузориши қаблӣ расман иттилоъ дода буд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда дар ҳудуди пойтахт амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии “Корд” дар ду марҳила роҳандозӣ карда шуд.
  Натиҷаҳои бадастомадаи ду марҳилаи аввали амалиёти профилактикӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, бо мақсади решакан намудани ҳолатҳои бо худ гардонидани корду кастет, электрошокер, дастчӯбҳои оҳанин ва резинин (бита) ва дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда аз ҷониби ноболиғону ҷавонон марҳилаи сеюми амалиёти «Корд» роҳандозӣ карда шуд.
  Кормандони милитсияи пойтахт ҳамагӣ дар ду рӯзи амалиёти профилактикии «Корд» дар санаҳои 1 ба 2 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз хонандагону донишҷуён ва ҷавонон 16 адад корд, 1 адад табар, 1 адад дастачӯби резинин, 1 адад кастет ва 1 адад ниқоб ҳамагӣ 20 адад ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира намуданд.
  Чунончӣ, дар рафти гузаронидани амалиёти мазкур аз ҷайби ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт кордҳо дарёфт ва мусодира карда шуд, аз ҷумла:
1. Аз Хуваев Ёсинарофат Саидмуҳаммадович, 25.10.2006 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умед, хонаи 371, хонандаи синфи 7“а” МТМУ №16;


2. Аз Маҳмудов Шаҳбоз Қурбонович, 23.10.2001 с.т., сокини ш. Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, бинои 22, ҳуҷраи 26, хонандаи синфи 11-и МТМУ №92.


  Инчунин зимни баргузории амалиёт аз ноболиғон- хонандагони Коллеҷҳои касбӣ-техникӣ, ки қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, як адад табар ва як адад кастет дарёфту мусодира карда шуд, аз ҷумла:
1. Аз донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи касбии техникӣ Баротов Абдуҷалил Аюбхонович 26.02.2003 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, бинои 47, ҳуҷраи 52, пеш бо моддаи 252 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 1 адад табар;


2. Аз донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи касбии алоқа Саидов Ҳабибулло Орзубекович 03.08.2002 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, гузаргоҳи 3, хонаи 56, пеш бо моддаи 237 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 1-адад кастет.


  Дар рафти баргузории амалиёт дар боғҳои фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахт аз ҷайби донишҷуёни зерин як ададӣ корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:
1. Донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Шарипов Мансур Давлатмуродович 06.05.2002 с.т., зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, бинои 111, хонаи 36;


2. Донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Шумқоров Ҷамшед 18.11.2002 с.т., зода ва сокини ш. Душанбе, кӯчаи Шаумяна, хонаи 67;


3. Донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Гурезов Абдуҷаббор Абдуқосимович 20.03.1999 с.т., зодаи ноҳияи Фархор, сокини ш. Душанбе кучаи Фирдавсӣ, бинои 64, хонаи 43;


4. Донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Асроров Бадриддин Хайриддинович 20.10.2001 с.т., зода ва сокини ноҳияи Темурмалик.


  Илова бар ин шоми 01 ба 02 ноябри соли ҷорӣ амалиёти “Корд” дар ҷойҳои оммавии сайру гашти шаҳрвандон, аз ҷумла боғҳои фароғатӣ ва хиёбону гулгаштҳои пойтахт идома дода шуда, аз ҷавонон корд ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз ҷумла, аз шаҳрвандон:
1. Одинаев Шамсулло Одинаевич, 11.01.1983 с.т., зода ва сокини ноҳияи Восеъ, кӯчаи Навоӣ, хонаи 28, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, 1 адад корд;


2. Сорбони Олимшо, 16.01.1991 с.т., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб, кӯчаи Чармгарон, хонаи 66, 1 адад корд;


3. Давлаталиев Маъруф Шоқулоевич, 07.02.1994 с.т., зодаи ноҳияи Ишкошим, деҳаи Внуков, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Наврӯз, хонаи 2, 1 адад корд;


4. Мирзоев Акмал Саидмуродович, 30.12.1987 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 36/3, хонаи 8, 1 адад корд;

5. Шарипов Сомон Аскарович, 30.10.2000 с.т., сокини шаҳри Кулоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Зиракӣ, 1 адад корд;

6. Гулонов Суҳроб Икромович, 09.07.1999 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Канорӣ, хонаи 6, 1 адад корд;

7. Насриддинов Абумуслим Насриддинович, 1992 с.т., сокини ш.Душанбе кӯчаи Нахимов, бинои 64/15, хонаи 6, 1 адад корд;


8. Эрназарова Ҳавасмо Орифовна, 20.03.1998 с.т., зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати Турдибобо дар дохили маркази дилхушии “Самира” 1 адад корд.


9. Маҳмадсаиди Сафар, 21.09.1999 с.т., зода ва сокини Ш.Шоҳинӣ, вилояти Хатлон, 1 адад корд;


10. Чалишев Анварҷон Ашрафҷонович, 26.09.1990 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Анзоб, хонаи 331, 1 адад корд;


11. Забиров Рустам Ҷумабекович, 30.08.1989 соли таваллуд, зода ва сокини ш. Душанбе кӯчаи Борбад, 72/6, хонаи 13, як адад чубдаст (бита).


12. Алиев Равшан Рафоатович, 03.05.1991 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Ҳисор, бинои 31, хонаи 29, як адад ниқоби сиёҳ барои содир кардани ҷиноят.

   Мавриди зикр аст, ки аз ибтидои амалиёт то ба имрӯз дар 3 марҳила аз санаи 12 октябр то 02 ноябри соли ҷорӣ дар умум аз 40 нафар шаҳрвандон (12 нафар хонандагони МТМУ ва Литсейю Коллеҷҳо, 6 нафар донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, 22 нафар ҷавонон) 41 адад силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда (32 корд, 1 табар, 2 кастет, 2 дастачуб, 3 электрошокер, 1 ниқоб) дарёфт ва мусодира карда шуд. 
  Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати волидайни 12 нафар ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Барои бо худ гардонидани корд нисбати 14 нафар ҷавонон маводҳо тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.

  Мақомоти милитсияи шаҳри Душанде бо истифода аз фурсати муносиб аз кулли падарону модарон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки рафтору кирдори фарзандони худро зери назорат гирифта нагузоранд то ки фарзандони онҳо чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонанд.

    Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, махсусан бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin