Ҳабси пулчинак барои саркашӣ аз додани бақия ва дашномҳои қабеҳ

Ҳабси пулчинак барои саркашӣ аз додани бақия ва дашномҳои қабеҳ

  Гарчанде оид ба як қатор ҳолатҳои рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагону кормандони нақлиёти мусофиркашон бо мизоҷон гузоришҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати пешгирии он чорабинӣ ва амалиётҳои профилактикӣ роҳандозӣ намуда бошем, ҳамоно ронандагон ва кондуктороне ёфт мешаванд, ки зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбати мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи онҳоро поймол месозанд.
  Як нафар ҷавонзани сокини пойтахт бо нашри муроҷиате дар саҳифаи Фейсбукии худ аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати кирдорҳои дағалонаи пулчинаки (кондуктор) мусофиркашони хатсайри №2, автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, аломати қайди давлатиаш 5553 ТТ 05 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда зимни мусофиркашонӣ аз баргадонидани 3 сомонӣ бақияи маблағи роҳкирои духтари 16 солааш охиронро мавриди дашному суханҳои қабеҳ қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст.


  Мавриди зикр аст, ки амалу кирдорҳои номатлуби ин нафар ба истилоҳ кондуктор мавриди интиқоди шадид ва вокуниши сахти корбарону истафодабарандагони соманаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, мардум аз милитсия дархост намуданд, ки ин масъла мавриди санҷиши ҳамҷониба қарор дода шавад.
  Кормандони мақомоти милистяи шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян намуданд, ки пулчинак (кондуктор)-и автомашинаи болозикргардида шаҳрванд Назаров Наврӯз Ҷабборович соли таваллудаш 22.03.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ҷомӣ буда, тибқи баёноти охирон дар ҳақиқат дар ҳолати асабоният нисбати мусофири нақлиёти ҷамъиятӣ – ҷавондухтари 16 сола беэьтиромӣ зоҳир намуда, суханҳои қабеҳ задааст.


  Дар асоси далеҳои овардашуда нисбати Назаров Наврӯз бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin