• Home »
  • ХАБАР »
  • Хусумат: Муноқишаи донишҷӯён ба куштор анҷомид
Хусумат: Муноқишаи донишҷӯён ба куштор анҷомид

Хусумат: Муноқишаи донишҷӯён ба куштор анҷомид

  Одамкушӣ аз категорияҳои вазнинтарини ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, содиркунандагони он арзишҳои волои инсонӣ ва оини ҷавонмардиро зери по гузошта, бо як бераҳмии махсус риштаи умри дигаронро маҷбуран аз ҳаёт канда мекунанд. Вақте аламовар аст, ки агар ин ҷинояти вазнинро донишҷӯ ва ё дастпарвари муассисаҳои олӣ содир карда, бар ивази ин аъмолаш боргоҳи илму маърифатро ба маҳбасхона иваз кунад.
  Чунончӣ, субҳи 8 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 07.30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:
  Қурбонов Убайдулло Бежанович соли таваллудаш 21.03.2001, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва

Фозилов Дилмурод Сироҷович соли таваллудаш 23.02.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон

муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа дастпарварони донишгоҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро дар назди дигар рафиқонашон:
1. Ғафурзода Абдухолиқ Аброр соли таваллудаш 19.09.2001, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
2. Шарипов Кабир Орифҷонович соли таваллудаш 28.05.2002, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
3. Ғайбуллоев Давлат Абдусатторович соли таваллудаш 02.07.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав, донишҷӯи бахши 1-уми Литсейи касбӣ-техникии Тоҷикистон латукӯб мекунанд.
  Дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш як маротиба ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардошти ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
  Кормандони милитсияи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар дар ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Қурбонов Убайдулло Бежановичро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд, ки айни ҳол нисбати охирон бо моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда Убайдулло Қурбонов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тафтиши пешакӣ даст доштан ва ё надоштани дигар рафиқонашон, ки зимни сар задани муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, муайян карда мешавад.
  Далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки ҳарду донишҷӯён хатмкардаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино дар соли ҷорӣ буда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin