Тааҷҷуб! Милитсияи пойтахт тарзи нави ҳуқуқвайронкуниро ошкор намуд

Тааҷҷуб! Милитсияи пойтахт тарзи нави ҳуқуқвайронкуниро ошкор намуд

  Сарфи назар намудани рияои қонунҳои амалкунанда ин беэҳтиромӣ ба ҷамъият ва талаботи қонунгузорӣ буда, аз мағрурият ва нописандиву худхоҳии содиркунандагони он шаҳодат медиҳад.
  Дар доираи ҳамкории ногусастании мақомоти милитсияи пойтахт бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ин маротиба кормандони мақомот намуди нави ҳуқуқвайронкуниро вобаста ба вайрон намудани талаботҳои ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва муайян намудаанд, ки ин кирдор воқеан ҳам бесобиқа аст.
  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси расми ирсолнамудаи як нафар сокини пойтахт тарзи нави қоидавайронкуниро дар намуди «ба таври чаппа гузоштани рақами қайди давлатӣ» ва ба ин тартиб идора намудани автомашинаи сабукрави тамғаи «Тайота кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 0005FF01 ошкор намуданд.
  Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Халилӣ Фаромурз соли таваллудаш 24.05.1992 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Толстой буда, соҳибмулки автомшинаи мазкур ба ҳисоб меравад. Зимни санҷиш ронанда ба кирдори содирнамудаи зиддиқонуниаш иқрор гардида, иброз доштааст, ки дар оянда ин кирдорашро содир намекунад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати ронандаи автомшаинаи тамғаи «Тайота кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 0005FF01 Халилӣ Фаромурз паврандаи маъмурӣ тартиб ва дар баррасӣ қарор дошта, автомшаина дар Боздоштгоҳи ҷаримавии ШБДА дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin