• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкорсозии якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона
Ошкорсозии якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона

Ошкорсозии якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона

  Мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо ойинаи сиёҳкардашуда, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
  Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии ин ва дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профидактикӣ доир мекунанд.
  Ин навбат, дар натиҷаи баргузории як амалиёт як чанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани ойинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар рафти ин амалиёт як чанд ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ошкор гардида нисбати ронандагони мазкур тибқи талаботи моддаи 313 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша;

Раҷабов Дилшод Аскаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатияш 1100 АМ 01


Ҷалолов Худойдод – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-460», рақамаи қайди давлатияш 1361 НА 01;


Ташрифов Шарофуддин Шарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Ленд Курузер», рақами қайди давлатиаш 2323 ЕЕ 01

Халифаев Абубакр – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри», рақами қайди давлатияш т 394 ок 124 01

Автомашинаи тамғаи «Тайота – Кемри», рақами қайди давлатияш 3000 FF 03 (Ронандаи ин автомашина ҳангоми амалиёт бе нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият автомашинаашро гузошта, фирор намуд. Воситаи нақлиёти номбурда дар баробари иҷозатномаи сиёҳшиша надоштан, ҳамзамон рақамҳои қайди давлатиаш низ бегонаанд.Чораҳо барои дастгир намудани ронанда идома доранд.)

Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона;

Зайниддинов Муҳиддин Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 100 СС 01

Турдиалиев Шаҳбоз – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1998 SS 01

 

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin