• Home »
  • Баромадҳо »
  • Нигаронӣ аз вазъи ҷиноятсодиркунӣ дар ноҳияи Сино: баррасӣ ва чораҳои пешгирӣ
Нигаронӣ аз вазъи ҷиноятсодиркунӣ дар ноҳияи Сино: баррасӣ ва чораҳои пешгирӣ

Нигаронӣ аз вазъи ҷиноятсодиркунӣ дар ноҳияи Сино: баррасӣ ва чораҳои пешгирӣ

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои дар суханрониҳои расмӣ баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пеш аз ҳама пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев мулоқот ва суҳбати озод баргузор гардид.
  Дар мулоқот муовинони раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Гуреззода Умед, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судии ноҳияи Сино, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, маориф ва дин, роҳбарони муассисаҳои хизматрасонӣ ва кумитаи маҳал дар ноҳияи Сино ширкат намуданд.


  Дар мулоқот нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе то рафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардааст.


  Дар идомаи мулоқоти мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо нишон додани тасвир-слайдҳо оид ба сабабу омилҳои афзоши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Сино суханронӣ намуда, зикр дошт ки аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии таъсири васеи ҷамъиятидошта маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир шуда, сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт тамоюли зиёдшавӣ дошта, вазъи мазкур ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонанд.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин оид ба содиршавии ҳар як котегорияи ҷиноят дар алоҳидагӣ бо овардани факту дилелҳо аз рафти тафтишот ҳарф зада, аз масъулини мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори ноҳияи Сино даъват ба амал овард, то ки дар пешгирии ҳодисаҳои нангин аз қабили муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард тавассути баргузор намудани чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҳудуди ноҳияи Сино саҳми худро гузоранд.
  Мавзӯи дигари меҳварӣ, ки дар мулоқот баррасӣ гардид ин вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дарёфи роҳҳои ҳалли он, пешгирӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон буд, ки бино ба иттилои роҳбарияти мақомоти милитсия вазъияти ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино низ то ҷое ташвишовар боқӣ мондааст.


  Тибқи таҳлилҳои мақомот надоштани дониш, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, дур мондан аз назорати волидайн боис ба он мегардад, ки ҳатто хонандагон ба одитарин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ даст зада, пайроҳаи бадномкунандаи ҷиноятро ихтиёр менамоянд. Дар баромад таъкид гардид, ки чунин тарзу рафтор ва муносибати ноболиғон – падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд.
  Сипас сардори мақомоти милитсияи пойтахт Шариф Назарзода дар суханрониаш аз тамоми масъулин ва падару модарон даъват ба амал овард, ки назоратро аз болои ноболиғон дурусттар ба роҳ монда, нагузоранд, ки фарзандони онҳо ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз ҷумла корду кастет ва дастчубҳои оҳанину чубинро бо худ гардонанд. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ аз беназоратии се табақа: волидайн, ҷомеа ва омӯзгор аксари наврасону ноболиғон ҷиноятро бо корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард муаррифишаванда содир мекунанд.


  Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои авбошӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои ҷинсии сироятшаванда ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон суханронӣ карда шуда, бо овардани факту далелҳо аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ расму наворҳои пешгирикунанда намоиш дода шуданд.

  Тавре дар вохӯрии мазкур иттилоъ дода шуд, баъди таъсиси гурӯҳи фаври-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷалби кормандони ботаҷриба фаъолияти он дар ноҳияи Сино ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби гурӯҳи мазкур тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дар ноҳия содиршуда ошкор карда шуданд. Ба иттилои масъулини мақомоти милитсия имрӯзҳо донишу маҳорат ва малакаи касбии кормандони милитсия басанда аст, ки аз ухдаи кушоданамоии ҷиноятхо бароянд, вале афзоиш ва маҳбасшавии ҷавнон мақомоти милитсияро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ мебояд дар якҷоягӣ бо дигар табақаҳои ҷамъиятӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад.


  Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохуриву суҳбатҳои озод ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат намуда, метавон дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо баргузории чорабиниҳои профилактикӣ пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin