• Home »
  • ХАБАР »
  • МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!

МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!

Муҳтарам сокинони пойтахт ва меҳмонони арҷманди шаҳр!

  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо орзуи бепоёни бахту саодату дастовардҳои рӯзафзун ба ҳар як фарди худогоҳу худшиноси мамлакат, аз Шумоён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳамаи мо дастаҷаъмона дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон, нигоҳ доштани маданият ва фарҳанги баланди шаҳршинӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳми якҷоя гузошта, онро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоем. Зеро, сокини пойтахт, ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик будан, барои ҳар як шаҳрванд масъулияти ҷиддиро пеш гузошта, мақоми беназири шаҳри азизамон – дорандаи «Ҷоизаи шаҳри сулҳ» моро водор месозад, ки тавассути ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътиноии фаврӣ ба ҳар як далели халалдор сохтани оромӣ, бо риояи ҳатмии «Маромномаи сокини пойтахт» ва дигар талаботи қоидаҳову меъёрҳои ҳуқуқӣ, дар таъмини тартиботи комили ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа масъул бошем.
  Дар ин радиф, бахусус афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд ва дигар силоҳҳои сард (олотҳои халандаю бурранда), ки боиси расонидани зарар ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва дар ин замина нигаронии ҷиддии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт гардидааст, махсус қайд менамоем.
  Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ ва огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёҳои сард содиршаванда, ҳанӯз ҳам ноболиғону ҷавонон корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ мегардонанд.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, масъулини мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд.

Муҳтарам падарону модарон!

   Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд.
Аз ин рӯ, пайваста дар санҷиши фарзандон бошед, то ки бидонед доираҳои дӯстони фарзандони Шумо кистанд. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ аксар вақт баҳсу нофамиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан ба содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонад, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin