Мулоқот бо варзишгарону ҷавонони бонуфузи пойтахт

Мулоқот бо варзишгарону ҷавонони бонуфузи пойтахт

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, бо садоқату муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри ин қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан афзун мегардонанд, ин нуктаро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо варзишгарону ҷавонони бонуфузи пойтахт иброз намуд.
  Мавриди зикр аст, ки санаи 25-уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев мулоқот ва сӯҳбати озод бо варзишгарон ва ҷавонони фаъолу бонуфузи пойтахт баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ва масъулини бахшу хадамотҳои дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон манфиатдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ширкат намуданд.


  Нахуст чорабиниро Мавсума Муинӣ-муовини раиси шаҳри Душанбе ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ба нерӯву тавони ҷавонон пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доранд. Зеро пайваста ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳу субот ва пойдории Ҷумҳурии азизамон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро ҳамчун қишри ояндасози миллат унвон кардаанд. Номбурда дар идомаи мулоқот ҳамчунин аз дастовардҳои ҷавонони пойтахт дар соҳаи варзиш ва ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар давоми ду соли охир дар ҳудуди пойтахт суханронӣ намуд.
  Дар идомаи мулоқоти мазкур роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт Назарзода Шариф Раҳмон бо слайд-тасвирҳо вобаста ба пешрафту тараққиёти пойтахт, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, махсусан ташаббусҳои созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳарф зада таъкид дошт, ки ба боварии Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, ҳифзи Ватан ба дӯши онҳо вогузор карда шудааст. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, ки дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.


  Роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт ҳанзамон иброз дошт, ки имрӯз барои ба таълиму тарбия, донишомӯзӣ, фароғат ва варзиш фаро гирифтани ҷавонони пойтахт бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кившар муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳо ва тамрингоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои забономӯзӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ кушода шудааанд, ки фаъолияти онҳо барои кулли ҷомеа дастрас мебошанд.
  Тавре дар мулоқот таъкид гардид новобаста аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, мутаассифона омилҳои халалдоркунадаи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

  Дар идомаи мулоқот вазъи ҷиноятсодиркунии ҷавонони кишвар дар муқоиса бо ҷавонони пойтахт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки новобаста аз чораҳои андешидаи мақомоти милитсияи пойтахт дар самти пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, вазъияти мазкур чораҳои беҳбудиро талаб дошта, фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваю воситаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ дар ин ҷода зарур мебошад.


  Мавриди зикр аст, ки аз санаи 13 октбяри соли ҷорӣ инҷониб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии “Корд”-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуд.
  Дар доираи баргузории амалиёт танҳо аз санаи 13 то 20 откбяри соли ҷорӣ дар умум 23 адад кордҳои гуногун, электрошокер, кастет ва дастчуби оҳанин мусодира карда шуданд.
  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни суханронии худ тамоми самтҳои фаъолияти ҷавононро таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз нуфузу эътиборе, ки дар байни ҷомеа касб намудаанд, ҷиҳати пешгирии ин қабил амалу кирдорҳои ношоям дар маҳалҳо саҳмгузор бошанд.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур варзишгарон ва як қатор ҷавононии фаъоли пойтахт низ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки пайваста барои нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар ва ҳамзамон ҷиҳати муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош меварзанд.


  Дар анҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик бо донишу малакаи баланди тахассусӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмиллалӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ саъю талош намуда, дар пос доштани неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin