• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Мавқеи баланди шаҳрвандӣ: Ронандагон ин навбат аз рӯи навор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд (Видео)
Мавқеи баланди шаҳрвандӣ: Ронандагон ин навбат аз рӯи навор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд (Видео)

Мавқеи баланди шаҳрвандӣ: Ронандагон ин навбат аз рӯи навор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд (Видео)

  Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои оморӣ нишон додаистодаанд, ки давоми моҳҳои охир саҳм ва фаъолонокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, махсусан барои бартарафнамоии ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ бисёртар ба назар расида, бо такя ба бовариву эътимод ба милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон расму навори ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракати роҳро барои чораҷӯӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол менамоянд. Дар натиҷа ҳар як дархосту пешниҳоди шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
  Ин навбат ба суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори танзимшудаи як сокини шаҳри Душанбе барои баррасӣ ворид гардид, ки муаллифи навор бо истифода аз технологяии муосири наворбардории автомобилӣ ва бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ навори мазкурро сабт ва танзим намудааст, ки дар он якчанд ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронанадагон инъикос гардидааст.

  Навори мазкур аз ҷониби кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа ронандагони зерин барои ба таври дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд:

  Раҷабов Сиёвуш Фарҳодович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, рақами қайди давлатиаш 1111SR01, соли таваллудаш 30.07.1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Федина  бинои 2 хонаи 4;


  Одинаев Фахриддин Қурбонович ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус 250, рақами қайди давлатиаш 0004НО01, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳимов;

  Неъмонов Акмал Аббосалиевич ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-зефира, рақами қайди давлатиаш 2986НА01, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Амакиев;

  Сафаров Ҳасан Убайдуллоевич ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Солярис мансуб ба Ширкати «Рахш-таксӣ», рақами қайди давлатиаш 8423ТТ05, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамова;

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ин шаҳрванд, ки нисбати амалу рафтори ғайриқонунии ронандагон бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати бартарафнамоии қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ба милитсия ҳамкорӣ намуд изҳори сипос менамояд.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Суроғаҳои электронӣ ва телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin