• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Идомаи амалиёти шартии «Кокс»: Боздошти ронандаи БМВ барои амалҳои зиддиқонунии намоишкорона (Видео)
Идомаи амалиёти шартии «Кокс»: Боздошти ронандаи БМВ барои амалҳои зиддиқонунии намоишкорона (Видео)

Идомаи амалиёти шартии «Кокс»: Боздошти ронандаи БМВ барои амалҳои зиддиқонунии намоишкорона (Видео)

  Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва одобу рафтори тарзи идора намудани воситаи нақлиёт ҷузъи уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ронандагонро мебояд бо риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар пешгирии садаманокӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳаёти шаҳрвандон аз оқибатҳои марговари садамаҳои нақлиётӣ ҳиссагузор бошанд.
  Мутаасифона, вақтҳои охир аз ҷониби як зумра ронандагони ҷавон аз ҳисси худнамоишӣ воситаҳои нақлиёташонро яку якбора бо суръати баланди ҳаракати аз меъёри муқарраргардида зиёдтар аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, овозҳои гушхароши нороҳаткунандаро ба муҳити атроф расонида, (ба истилоҳи бархе ҷавонон «кокс») боиси ба ҳарос овардани шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакону пиронсолон ва махсусан беморон мегардад, зиёд ба назар мерасанд. Ин кирдор дар байни бархе гуруҳи ҷавнони худхоҳ ба кавле муд ҳам шудааст. Илова бар ин чунин тоифа ронандагони ҷавон ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба навор гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ аз қабили Инстаграм, Фейсбук, Вотсап, Телеграмм, Твиттер ва ғайра гузошта, интизори «писандидан»-и (лайк) истифодабарандагони Интернет мешаванд.
  Бо мақсади муайянсозии чунин ҳолатҳои зиддиҳуқуқӣ кормандони милитсияи пойтахт пайваста чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва техникӣ доир намуда, дар пешигиии чунин намуд қоидавайрнкунии дағали роҳ, ки оқибат ба сар задани садамаҳои марговар оварда мерасонад, саҳми худро мегузоранд.
  Чунончӣ, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-м-5» рақами қайди давлатиаш 8585 ЕМ 01 шаҳрванд Навоии Ҷаббор соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар кӯчаи Раҳмон Набиев бар хилофи муқаррароти Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, автомашинаи худро яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, (кокс) бо ин амалаш вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст.


  Дар натиҷа ронанда Навоии Ҷаббор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе датсрас карда шуда, ҷиҳати дар оянда такрор накарданаш бо ӯ чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
  Инчунин зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Навоии Ҷаббор автомашинаи мазкурро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ худсарона шишаҳояшро сиёҳ намудааст. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурда барои содир намудани ин амалҳояш бо дастрасии моддаҳои 330 ва 325 қисми 3 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа барои худсарона беиҷозатномаи махсус шишаҳои автомашинаро сиёҳ намудан, ба маблағи 6875-сомонӣ ва барои ба истилоҳ «кокс»-аш ба маблағи 270-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
  Бо дарназардошти далели мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки амалиёти шартӣ бо номи «Кокс» дар ҳудуди пойтахт идома дошта, шаҳрвандон низ метавонанд дар сурати шоҳид гардидани чунин амалҳои барои ҳаёту саломатии аҳолӣ хатаровар тавассути телефонҳои мобилиашон ба навор гирифта, ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin