• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи амалиёти «Корд»: Мусодираи 13 корду электрошокер ва кастету дастчуби оҳанин
Идомаи амалиёти «Корд»: Мусодираи 13 корду электрошокер ва кастету дастчуби оҳанин

Идомаи амалиёти «Корд»: Мусодираи 13 корду электрошокер ва кастету дастчуби оҳанин

  Чи тавре пештар иттилоъ дода будем аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда ва бо пешниҳоду дархости шаҳрвандон ҳамчун табақаи фаъол дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди пойтахт амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии “Корд” роҳандозӣ карда шуда буд.
  Дар гузориши қаблӣ оид ба натиҷаҳои 2 рузи аввали амалиёти шартии «Корд» иттилоъ дода будем, ки дар умум 7 адад корд ва 2 адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер мусодира карда шуда буд.
Кормандони милитсияи пойтахт аз санаи 14 октябр инҷониб тибқи талаботу шартҳои амалиёти профилактикии «Корд» амал намуда, дар натиҷа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз шаҳрвандон:
– Амиршоев Ином Муминшоевич соли таваллудаш 18.07.1996, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Миралӣ-7/1 як адад кастет;


– Лоиқзода Сиёвуши Идибек соли таваллудаш 21.05.1995, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Клагенфурт, бинои 3/2, ҳуҷраи 71, пеш бо моддаи 237 қ.3 КҶ ҶТ (авбошӣ) суд шудааст, як адад корд (финка);


– Саидмумини Нодирҷон соли таваллудаш 09.11.1996, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Назаршоев, хонаи 404, як адад корд (финка);


– Ҳамзаалии Маҳмадалии Умарзод соли таваллудаш 1990, зода ва сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати Х.Раҷабов, як адад корд (финка);


– Аюбов Субҳон Сафарович соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе, маҳаллаи Навобод, кӯчаи Қубодиён, хонаи 120, ду адад корд (финка).


– Мабуров Ҷаҳонгир Сиҷовиддинович соли таваллудаш 10.11.2000, сокини ш. Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ, бинои 37, ҳуҷраи 57, як адад корд (финка) дарёфту мусодира карда шуд.


  Дар доираи баргузории амалиёт ҳамчунин аз ҷайби донишҷуёни мазкур як ададӣ корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:
– донишҷуи бахши 1-уми факултаи иқтисодии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуповаи ш. Душанбе – Наҷмиддинов Наҷмиддин Тоҷиддинович соли таваллудаш 10.11.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Ганҷобод, хонаи 4;


– донишҷӯи бахши 4-уми факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – Абдуллоев Ҳомид Амонович соли таваллудаш 31.03.1995, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Яккачинор, хонаи 629.


  Барои бо худ гардонидани корд ва дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда нисбати 4 нафар шаҳрвандони болозикргардида дар асоси Қарори Суд ба муҳлатҳои аз 5 то 7 шабонарузӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуда, нисбати дигарон дар баррасии судӣ қарор дорад.
Илова бар ин дар рафти гузаронидани амалиёт:
– аз ҷайби як нафар хонандаи синфи 11 МТМУ №31 ноҳияи Шоҳмансур як адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер;


– аз дасти хонандаи синфи 10 “В”-и Литсейи иқтисодии барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе як адад дастачуби оҳанин (дубинка);
– аз ҷузъдони хонандаи синфи 7 МТМУ №92-и ноҳияи Сино як адад корд (финка);
– аз ҷайби хонандаи синфи 11-и МТМУ №81-и ноҳияи Сино як адад корд (финка) дарёфт ва мусодира гардид.
  Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи талаботи қонунгузорӣ андешида шуда истодааст.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, махсусан бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin