• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт: Ҷинояткор бо тахаллуси «Сангак» ва тафсилоти 4 лаҳзаи ғоратгариҳои ӯ
Боздошт: Ҷинояткор бо тахаллуси «Сангак» ва тафсилоти 4 лаҳзаи ғоратгариҳои ӯ

Боздошт: Ҷинояткор бо тахаллуси «Сангак» ва тафсилоти 4 лаҳзаи ғоратгариҳои ӯ

  Ғоратгарӣ, ба таври ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр ба ҳисоб рафта, баъзе аз афроди ҷиноятпеша бо ин роҳ мехоҳанд маблағи муфт ба даст оранд.
  Фаъолият ва коркардҳои оперативии кормандони милитсияи пойтахт самараи назаррас дод, ки дар натиҷа ҳамчун гумонбар барои содир намудани якчанд лаҳзаи ҷинояти ғоратгарӣ шаҳрванд Бозоров Раҳмиддин соли таваллудаш 12.01.1998 зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Нахимова бо тахаллуси «Сангак» дастгир карда шуд.
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 25-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 02:00 шаб ҳангоми дар кӯчаи Гипразем дар дохили тарабхонаи «Самира» қарор доштанаш ба таври ошкоро як адад телефони мобилии шаҳрванд Шарифов Алишер соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, ки 5 500 сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Номбурда бо содир намудани ин амали ҷиноятиаш ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст.


  Ҳамзамон номбурда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз дар 3-ҳолати дигар низ даст ба ғоратгарӣ задаст. Аз ҷумла як адад телефони мобилии як нафар сокини пойтахтро, ки 2 000-сомонӣ арзиш доштааст ба таври зурӣ аз они худ намудааст. Инчунин номбурда як ададӣ гарданбанди тиллогини ду нафар сокинони дигари пойтахтро низ ошкоро тасарруф намудааст.
  Вобаста ба делелҳои мазкур нишбати гумонбаршаванда Бозоров Раҳмиддин бо моддаи 248 қисми 2 (Ғоратгарӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикисвтон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin