• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷинояткори касбӣ: Ошкорёбии ҷинояти одамкушӣ таъмин гардид!
Боздошти ҷинояткори касбӣ: Ошкорёбии ҷинояти одамкушӣ таъмин гардид!

Боздошти ҷинояткори касбӣ: Ошкорёбии ҷинояти одамкушӣ таъмин гардид!

  Тавре иттилоъ дода будем, санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа шаҳрванд Тугеев Артур Михайлович, соли таваллудаш 1995 ҳангоми бо ҳамсараш дар назди кӯчаи Борбад қарор доштанашон як ҷавони тахминан 20-25-сола, шахсияташ номаълум, бо мақсади ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр ба наздашон омада, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ аз дасти Тугеев Артур телефони мобилии тамғаи «Редми-Нот-7» арзишаш 1800-сомониро ба таври ошкоро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ба самти бозори «Деҳқон», кӯчаи Гипрозем, фирор намуда буд.
  Дар ҳамин ҳол шаҳрванд Тугеев А.М. аз қафои шахси ҷиноят содирнамуда дунболагирӣ мекунад. Ин ҳолатро шаҳвранд Наимов Мустафо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мушоҳида намуда, бо мақсади дастгир намудани ҷинояткор аз қафояш пайгирӣ намуда, дар наздикии бозори «Деҳқон» ӯро зада аз пой меафтонад.
  Аммо шахси ҷинояткор бо олоти бурандаю халанда, яъне корди дар даст доштааш ба бадани Наимов Мустафо зада, ӯро захмин намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
  Дар натиҷа, шаҳрванд Наимов Мустафои 28 сола, оиладор соҳиби як нафар писарбачаи 2 сола бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар намуди хунравии шадид дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
  Баъди содиршавии ин ҷинояти вазнини характери васеи ҷамъиятидошта бо Фармоиши сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи бахшҳои оперативию тафтишотии милитсияи пойтахт гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани шахси ҷинояткор тамоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ амалӣ ва ҳамагӣ бо гузашти як ҳафта пас аз содиршавии ин ҷинояти вазнин ошкорёбии он таъмин карда шуд.
  Дар натиҷаи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин ҳодисаи ҷиноиро ҷинояткорӣ касбӣ Муминов Фирдавс Рустамович соли таваллудаш 9 июли 1995 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Тунис, бинои 8, ҳуҷраи 219, муҷаррад содир намудааст.
  Гумонбаршаванда Муминов Фирдавс дорои пайроҳаи доғдоркунандаи ҷиноятӣ буда, аз ин пеш 3 маротиба, соли 2012 бо моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта), соли 2014 бо моддаи 244 (дуздӣ) ва соли 2016 бо моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз санаи 13 июли соли 2019 инҷониб дар муассисаи сукунатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия қарор доштааст.
  Бо дарназардошти далелҳои ҷамъоваришуда айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Муминов Фирдавс Рустамович бо моддаҳои 248 қисми 2 (ғоратгарӣ) ва 110 қисми 3 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin