• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ғоратгари навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино
Боздошти ғоратгари навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино

Боздошти ғоратгари навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино

   Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳимов Комрон Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 25. 05. 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ дастгир карда шуд, ки дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад.
  Номбурда моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Гипрозем қарор доштанаш телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Галакси А-7», ки 2400-сомонӣ арзиш доштааст, ошкоро бо тариқи зуроварӣ аз дасти шаҳрванд Брикманс Олег Янович, соли таваллудаш 1987 тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва ҷамъоварии далелҳои тафтишотӣ ҷинояти содирнамуда аз ҷониби гумонбаршуда тасдиқи худро ёфтааст, ки нисбаташ айни замон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

  Дар робита ба ҳодисаи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin