• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт
Баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт

Баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда як қатор чорабиниҳои ташкилӣ – ҳуқуқиро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба амал бароварда истодааст.
  Баъди содиршавии чандин ҷинояти вазнин дар ҳудуди пойтахт, ки бо истифода аз корд сурат гирифтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пешниҳод намудаанд, ки дар ҳудуди пойтахт амалиёти пешгирикунанда гузаронида шуда, корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда аз ҷавонон мусодира карда шавад.


  Ин маротиба бо ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани принсипи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва баррасии муроҷиат ва пешниҳоду дархости шаҳрвандон ҳамчун табақаи фаъол дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мақомоти милитсияи пойтахт амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии “Корд”-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуд.
  Санаи 13 октбяри соли ҷорӣ дар доираи баргузории амалиёти мазкур ва зимни амалинамоии чорабиниҳои пешгирикунандаву андешидани чораҳои махсус дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон:
– Бурҳонов Сафармад Мирзоубайдуллоевич соли таваллудаш 03.02.1982, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 73, муваққатан бекор, 2 адад корд (финка) (номбура қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ 6 маротиба суд шудааст);

– Авғонов Ризвоншоҳ Ёрибекович соли таваллудаш 20.05.1993, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Наврӯз, муҳофизи маркази дилхушии “Чоко” 1 адад корд (финка);


– Каримов Хизиралӣ Сафарович соли таваллудаш 16.08.1995, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ 1 адад корд;


– Нуриддинзода Фарҳоди Файзиддин соли таваллудаш 29.02.1992, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ як адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.


  Барои ба пуррагӣ муайян намудани мақсад ва ҳадафи бо худ гардонидани корд, даст доштани онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо 4 нафар шаҳрвандони зикргардида ба Қабулгоҳи махсуси РВКД дар ш. Душанбе ворид карда шуда, айни замон нисбати ин нафарон ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
  Дар идомаи амалиёт кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷузъдони 2 нафар хонандагони синфи 11-и МТМУ №24 ва МТМУ №72-и ноҳияи мазкур 2 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира намуданд (ин ҷо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон аз гузоштани расм ва ному насаби онҳо худдорӣ мекунем).
  Илова бар ин, зимни баргузории амалиёти мазкур кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дохили ҷузъдони хонандагони синфи 11-и Гимназияи №9 ва МТМУ № 11 як ададӣ (дар умум 2 адад) воситаҳои махсуси барқдиҳанда “Электрошокер” дарёфту мусодира намуданд.


  Дар натиҷа барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати волидайни онҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст.
  Айни ҳол аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, махсусан бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin