Робитаи милитсия бо ҷомеа таҳким меёбад

Робитаи милитсия бо ҷомеа таҳким меёбад

  Истиқлолият беҳтарин ва пурарзиштарин ганҷест, ки бо шарафи фаъолият ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба даст омадааст. Баҳри ҳифз ва дар амон нигоҳ доштани он ҳар нафари моро мебояд тамоми кӯшиш ва ғайрати худро ба кор барем, иброз намуд муовини аввали Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, зимни мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
  Маврид ба зикр аст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории суҳбату мулоқот бо аҳолӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи арзишҳо ва дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо сокинону фаъолони шаҳри Душанбе силсилавохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷумла чунин мулоқот дар ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияи Сино ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.


  Дар ин мулоқотҳо вобаста ба арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, пос доштани фарҳангу маданияти миллати тоҷик, ҳамзамон бо амалу рафтори намунавӣ дар пешрафту шукуфоии меҳан саҳм гузоштан маърӯза ва суханрониҳои пурмуҳтаво ироа карда шуданд.
  Дар вохурие, ки дар маҷлисгоҳи бинои ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд, раиси ноҳияи мазкур Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, муовини аввали Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, роҳбарони бахшу хадамотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сокинону фаъолони ноҳияи мазкур ширкат намуданд.
  Тавре дар ҷараёни ин мулоқот раиси ноҳия иброз дошт, сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии кишвар ва мардуми пуршарафи миллати тоҷик тамоми гӯшаю канори кишвар махсусан шаҳри Душанбе ба пешравиҳои назаррасе ноил гаштааст. Шаҳри Душанбе, чун пойтахти кишвар, ки муаррификунандаи урфу одат ва фарҳангу маданияти шаҳрнишинии миллати тоҷик аст, аз сокинонаш талаб карда мешавад, то дар ҳифзи ин арзишҳо ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф саҳмгузор бошанд.


  Муовини аввали Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Дадабойзода Ҳ.П. дар идомаи ин мулоқт бо слайд-тасвирҳо ва овардани факту рақамҳои дақиқ аз ҷараёни баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ дар доираи иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо, дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.


  Дар идомаи вохӯрии мазкур Дадабойзода Ҳ. П. ҳамзамон доир ба маърифату маданияти шаҳрнишинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мутаассифона аз ҷониби баъзе аз сокинон талаботи шаҳрнишинӣ ва Маромномаи сокини пойтахт риоя нашуда, бо амалу кирдорашон ба ҳусну зебогии муҳити атроф латма ворид месозанд. Вобаста ба ин номбурда аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри пешгирӣ аз амалу кирдорҳои ношоям ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити атроф бетараф набуда, дар ин ҷода саҳмгузор бошанд.


  Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъуланд тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
  Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin