• Home »
  • ХАБАР »
  • Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо корд ба узвҳои гуногуни бадани шаҳрванд
Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо корд ба узвҳои гуногуни бадани шаҳрванд

Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо корд ба узвҳои гуногуни бадани шаҳрванд

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 27-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ворид гардидааст, ки санаи 5-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 02:30- дақиқа, дар кӯчаи мазкур марди 22-солаи сокини кӯчаи Қазоқон, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 22-солаи ҳамсояашон аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда 5 маротиба ба қисмҳои гуногуни баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin