Баррасии маводи дарҷнамудаи корбари “Фейсбук”

Баррасии маводи дарҷнамудаи корбари “Фейсбук”

  Омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, он зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсия қарор дорад. Ин аст, ки шаҳрвандон милитсияро ҳамчун пуштибони ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дониста, баҳри пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа дар ҳамкории зич бо милитсия қарор доранд.
  Аз ҷумла, як нафар сокини пойтахт бо нашри матлабе дар саҳифаи Фейсбукии худ аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Лендкрузер рақамҳои қайди давлатиаш 5438 ВК 01 дар кӯчаи А. Деҳотӣ шикоят намуда, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.


   Муроҷиати мазкур аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра қарор дода шуд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Тайота-Лендкрузер, рақамҳои қайди давлатиаш 5438 ВК 01, ки дар расмҳои нашршуда инъикос ёфтааст, шаҳрванд Каримов Субҳон Талабович соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Зимни санҷиш ошкор карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст, ки ин амали ӯ бо далелҳо исботи худро ёфтаанд.
  Бо дарназардошти ҳолати мазкур, автомашинаи дар расм инъикосгардида ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати соҳибаш барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуд.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Ссаҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin