Се ҳолати қаллобӣ аз ҷониби як нафар

Се ҳолати қаллобӣ аз ҷониби як нафар

  Бо ариза ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 35-солаи сокини кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар кӯчаи Теҳрон марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ҳамчунин дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 29-солаи сокини кӯчаи Қазоқон даромада, аз ӯ 47000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Ҳамин тариқ, номбурда моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт даромада, аз ӯ 26000 доллари амрикоӣ гирифта, 21 000 долларашро баргардонида, боқимонда 5000 долларро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin