• Home »
  • ХАБАР »
  • Латукуби ҷавондухтар дар дохили таксӣ: гумонбар боздошт ва маҳбасӣ гардид
Латукуби ҷавондухтар дар дохили таксӣ: гумонбар боздошт ва маҳбасӣ гардид

Латукуби ҷавондухтар дар дохили таксӣ: гумонбар боздошт ва маҳбасӣ гардид

  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартибот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт доир ба омӯзишу баррасии муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, вобаста ба ин дар сомонаҳои иҷтимоӣ суроғаҳои электронии Раёсат фаъол карда шуданд, ки ба баррасии саривақтӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мусоидат намудааст.
  Шаҳрвандон ин иқдоми роҳбарияти милитсияи пойтахтро хуб қабул намуда, вобаста ба содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, қоидавайронкуниҳои дағали роҳу нақлиётӣ ҳамзамон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поймолгаштаи худ ба милитсия муроҷиат менамоянд.
  Аз ҷумла, санаи 13 август як нафар корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли наворе, ки дар он як нафар ҷавондухтар мавриди латукуб қарор гирифтааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостори андешидани чораи қонунӣ нисбати ин ҳодиса гардид. Зимни омӯзиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки баъди пахш гардидани ин навор дар сомонаҳои иҷтимоӣ корбарон онро маҳкум намуда, ҷавони қонуншиканро мавриди интиқоди шадид қарор додаанд.


  Муроҷиати мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, нафари дар навор инъикосгардида муайян ва дастгир карда шуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ ошкор гардид, ки ҷавони дар навор инъикоёфта шаҳрванд Некрӯзи Мазам соли таваллудаш 21. 01. 1999, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи А. Ҷомӣ мебошад. Зимни пурсиши ҷабрдидагон, шоҳид (ронандаи мусофиркашони ширкати Олуча-таксӣ) ва худи гумонбар Некрӯзи Мазам муайяну дастгир карда шуда, охирон иқрор намуд, ки дар ҳақиқат мобайнҳои моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи А. Ҷомӣ қарор доштанаш, дар назди автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент», аломати қайди давлатиаш 8749 ТТ 05, ба як нафар ҷавондухтари ба ӯ шинос дарафтода, нисбаташ дағалона рафтор ва бо суханҳои қабеҳ шаъну шарафашро паст зада, як маротиба бо пояш задааст.


  Вобаста ба ин нисбати ҳуқуқвайронкунанда Некрӯзи Мазам бо дастрасии моддаи 460 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Синои ш. Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 15-уми августи соли ҷорӣ нисбати Некрӯзи Мазам ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуда, номбурда барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ёнтиқол ёфта, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

  Бо нашри ин матлаб, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона талаб менамояд, ки нисбати чунин амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бетараф набуда, баҳри пойдории сулҳу суббот ва решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ ба мақомоти милитсия кумак намоянд, зеро танҳо дар якҷоягӣ метавон ба чунин ҳадаф ноил гашт.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin