• Home »
  • ХАБАР »
  • Дағалрафторӣ нисбати занон то ба кай? Ҷаримабандии боз як ҷавонписари дағалгуфтор

Дағалрафторӣ нисбати занон то ба кай? Ҷаримабандии боз як ҷавонписари дағалгуфтор

 
  Ҳурмату эҳтироми зан ҳамчун модар ҳамеша бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад, зеро маҳз модар аст, ки моро дар канори худ бо ҳама ранҷу машаққатҳо ба воя мерасонад. Мутаассифона имрӯзҳо як падидаи номатлуб дар байни ҷомеа, хусусан ҷавонписарон дар ҳоли решадавонист, ки нигарониҳоро ба миён овардааст.
  Бархе аз ҷавонписарон на танҳо занонро эҳтиром намекунанд, балки нисбати онҳо дағалгуфторӣ намуда, шаъну шарафашонро дар назди атрофиён паст мезананд.
  Ҳарчанд аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми арзу шикоятҳои занону бонувон оид ба дағалрафтории ҷавонписарон мавриди омӯзиш ва чораҷӯӣ қарор гирифта, ҷавонони бадахлоқ ҷазои сазовор гиранд, ҳам вале ҳамоно ин омили номатлуб дар ҷомеа решакан нагардидааст. Ҷиҳати ба таври комил решакан намудани он шаҳрвандонро низ мебояд бетарафиро ихтиёр накунанд.
  Масалан чанде пеш шаҳрванд Қурбонова Шаҳноза Маҳмадқуловна дар саҳифаи Фейсбукии худ аз дағалрафтории як нафар ҷавонписари пулчин, ба истилоҳ кондуктори микроавтобуси хатсайри № 15 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорати роҳбарияти милитсия пойтахт қарор гирифт. Дар натиҷа аз ҷониби масъулини хадамотҳои оперативии Раёсат дар якҷоягӣ бо Шуъбаи БДА дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, нафари ҳуқуқвайронкунанда боздошт ва ба милитсия дастрас карда шуд.
  Дар натиҷа муайян гардид, он ҷавонписаре, ки дар мавод аз ӯ ҳамчун пулчин ёдоварӣ мешавад, шаҳрванд Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович, соли таваллудаш 3. 09. 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 21-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ ба ҳайси пулчин (кондуктор) дар микроавтобуси тамғаи Мерседес-спринтер рақамҳои қайди давлатиаш 3939 ТТ 05, ки дар хатсайри №15 ба мусофиркашонӣ машғул аст, ҳангоми дар маҳаллаи Ховарон расидан нисбати ин ҷавонзани мусофир, ки бо ду фарзандаш қарор дошт, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафашро дар байни дигар шаҳрвандон паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид. Суд дар навбати худ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Абдураҳмонов Бадриддин Шарбатович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385-сомонӣ таъин кард.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамаи арзу шикоят ва муроҷиатҳои Шумо таҳти назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, шаъну шараф ва ҳуқуқу манфиатҳои поймолгаштаи Шумо барқарор хоҳад шуд. Аз ин рӯ нисбати чунин омилҳои нохуб ва халалдоркунандаи суботи ҷамъиятӣ бетараф набуда, бо милитсия дар иртибот бошед.

 

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin