• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти «Кокс»: Боздошти ронандагоне, ки ба таври ғайримуқаррарӣ автомашинаҳоро идора менамуданд
Амалиёти «Кокс»: Боздошти ронандагоне, ки ба таври ғайримуқаррарӣ автомашинаҳоро идора менамуданд

Амалиёти «Кокс»: Боздошти ронандагоне, ки ба таври ғайримуқаррарӣ автомашинаҳоро идора менамуданд

 Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва одобу рафтори тарзи идора намудани воситаи нақлиёт низ ҷузъи фарҳанги шаҳрдорӣ ба ҳисоб рафта, муаррификунадаи маданияти шаҳрдории ҳар миллату халкият ба ҳисоб меравад.
  Мутаасифона вақтҳои охир аз ҷониби як зумра ронандагони ҷавонон аз ҳисси худнамоишӣ воситаҳои нақлиёташонро яку якбора бо суръати баланди ҳаракати аз меъёри муқарраргардида зиёдтар аз ҷойи ист, автомашинаашонро ба ҳаракат дароварда, дар натиҷа соиши байни саллачархҳо ба қисми болоии роҳи асфалтпуш ба амал омада, ин ҳолатҳо овозҳои гушхароши нороҳаткунандаро ба муҳити атроф расонида, (ба истилоҳи бархе ҷавонон «кокс») боиси ба ҳарос овардани шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакону пиронсолон ва махсусан беморон мегардад, зиёд ба назар мерасанд. Бо мақсади муайян намудани ҳолатхои мазкур дар асоси супориши роҳбарияти милитсияи пойтахт аз ҷониби кормандони бахшҳои бозрасӣ ва оперативии милитсияи пойтахт чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуда, дар натиҷа якчанд нафар ҳуқуқвайрокунандагон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе датсрас карда шуданд.
  Чунончи, ронандаи автомашинаи тамғаи «ЛАДА ПРИОРА» рақами қайди давлатиаш 25-55 СУ 01 Бобохонов Миралӣ Маҳмадалиевич соли таваллудаш 2000-ум, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ деҳаи Навобод дар кӯчаи Низоми Ганҷавӣ дар майдончаи шафати Кохи Истиқлол дар ру ба руи «Боғи Ҷавонон» чунин амалро содир намудааст, ки барои ин қойидавайронкунӣ нисбати ронанда бо дастрасии моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.


  Ба хамин монанд ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Е-класс» аломати қайди давлатиаш 9797ВА01 шаҳрванд Идиев Маъруф Абдулмуминович соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе чунин амали худро намоишкорона дар ҳудуди яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт анҷом дода, ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатари чиддӣ тахдид намудааст.


  Ба ин монанд якчанд ронандагони дигар, ки бо тарзу усули ғайримуқаррарӣ воситаҳои нақлиёти худро дар кӯчаҳои пойтахт идора менамуданд, ба милитсияи пойтахт дастрас ва баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ барои дар оянда такрор накардан нисбати онхо чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
  Дигар масъалае, ки боиси ташвиши шаҳрвандон ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гардидааст, ин бидуни талаботи Стандартҳои давлатӣ худсарона насб намудани асбобҳои берунии нурафшон ва садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёти шахсии шаҳрвандон мебошад.


  Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тахти № 367 аз 14 июли соли 2012 воридоти асбобҳои махсуси берунии равшанидиҳанда ва садодиҳанда ба ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ мебошад.
  Мутаассифона ба ин нигоҳ накарда, аз бемасъулиятию фориғболии Мақомотҳои дахлдори назоратӣ чунин таҷҳизотҳо ба бозорҳои дохилиии Ҷумҳурӣ ворид карда шуда, дар савдои озод қарор доранд. Аз ин ҳолатҳо шаҳрвандон истифода намуда, бархилофи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҷҳизотҳои ғайристандартиро озодона харидори намуда, дар воситаҳои нақлиёташон насб карда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Истифодабарии чунин таҷҳизотҳо зимни иштирок дар раванди ҳаракат дар роҳҳо боиси маҳдуд гардидани биниши дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гардида, овозҳои садодиҳандаи гушхарош бошад ба нороҳатии шаҳрвандон оварда мерасонад. Масалан, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта-Ландкрузер» рақами қайди давлатиаш 14-10 ДД 01 Шарипов Далершо Анварович соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Яккачинор. Номбурда дар кӯчаи Синои плйтахт чунин амалро содир намудааст. Барои ин қойидавайронкунӣ нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 316 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.


  Бояд қайд кард, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар асоси талаботи моддаи 316 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт, нисбати 230 ронанда, бо мусодира намудани таҷҳизотҳои худсарона насбгардида протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯи ба Судҳо аз рӯи тобеъият ирсол карда шудаанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin