Бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт баъд аз муроҷиати шаҳрвандон

Бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт баъд аз муроҷиати шаҳрвандон

  Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа суроғаҳои электронӣ ва телефони боварӣ пайваста фаъоланд.
  Аз ҷумла, чандест шаҳрвандон бо ирсоли расмҳои қоидавайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасониданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
  Баъд аз ворид гардидани муроҷиатҳои мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷуии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, як қатор ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор гирифтаанд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандагони зерин воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои номуайяншуда ба таври ғайри қонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфтаанд.

Бабаяров Хуршед Ҷамолиддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 2225 СС 01


Назмов Хуршед Ҷамшедович, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0010 DK01


Нуралиев Раҷабалӣ Сафаралиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, рақами қайди давлатиаш 1200 НА 01

Толибов Илҳомиддин Илодҷонович, ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Соларис, рақами қайди давлатиаш 0202 СТ 01

Маликов Абдуқаҳҳор Орович, ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай – Саната, рақами қайди давлатиаш 5197 ТТ 05

Маҳмудов Умед Сироҷиддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта-Кемри, рақами қайди давлатиаш 5489 ТТ 05

Собирҷонов Зафарҷон Шокирҷонович, ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 0110 МО 01


  Бо дарназардошти ҳолати мазкур, автомашинаҳои дар расм инъикосгардида ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати соҳибонашон барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin