Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт

  Тамоми муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва амалӣ гардонидани дархостҳои шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазири лозима роҳандозӣ карда мешавад.
  Аз ҷумла, чанде аз шаҳрвандон расмҳои қоидавайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасониданд, ба суроғаҳои электронии Раёсат ирсол намудаанд, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш чунин иттилоъ дода мешавад.
  Муроҷиатҳои воридгардида, аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷуии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор гирифтаанд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандагони зерин воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои номуайяншуда ба таври ғайри қонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфтаанд. Нисбати ин ронандагон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримандӣ карда шуданд.

Хоҷаев Талабшоҳ Муродович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, рақами қайди давлатиаш 0011 КХ 01

Хоҷаев Зокирҷон Тоҳирҷонович, ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш 6003 ВН 01

Ризоев Абубакр Ибодуллоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8880 ЕМ 01

Хоҷаев Бахтовар Бобомуродович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ниссан, рақами қайди давлатиаш 2560 РВ 01


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin