Садамаи ронандаи ноболиғ

Садамаи ронандаи ноболиғ

  Санаи 18-уми июли соли 2019, тахминан соати 8:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус – 250», рақамҳои қайди давлатиаш 4004 НУ 01, Сафаров Искандар Нуралиевич соли таваллудаш 2006 сокини шаҳри Душанбе бе шаҳодатномаи ронандагӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт аз кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи Ҳуснобод, дар назди меҳменхонаи «Сино» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Лексус» рақамҳои қайди давлатиаш 1005 ЕС 01, ки дар канори қисми мошингузари роҳ бе ҳаракат меистод бархурдааст.


  Ҳамзамон бар замми ин ду нафар ҷавонписарони пиёдагардро, ки дар қисмати канори роҳ меистоданд, зада аз пой меафтонад, ки ҳар ду бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.
  Дар натиҷаи ин садамаи нохӯши нақлиётӣ, ки боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани ду ҷавонписар ва зарари техникӣ гирифтани воситаҳои нақлиёт гардидааст, нисбати ронандаи ноболиғ барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin