• Home »
  • Баромадҳо »
  • Пешравӣ дар ҳама самтҳои хизматӣ: Дар мақомоти милитсияи пойтахт натиҷаҳои нимсолаи аввал таҳлилу баррасӣ гардид
Пешравӣ дар ҳама самтҳои хизматӣ: Дар мақомоти милитсияи пойтахт натиҷаҳои нимсолаи аввал таҳлилу баррасӣ гардид

Пешравӣ дар ҳама самтҳои хизматӣ: Дар мақомоти милитсияи пойтахт натиҷаҳои нимсолаи аввал таҳлилу баррасӣ гардид

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар давраи 6 моҳи соли ҷорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, натиҷабардорӣ аз чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, корҳои бунёдкорӣ ва тоза нигоҳ доштани минтақаҳои хизматӣ, баррасии вазъи садаманокӣ ва бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои пойтахт, ҳайати шахсии ҷузъу томҳо баргузор гардид.


  Дар ҷаласа нахуст рафти иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши Қарорҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба масъалаҳои шаҳрдорӣ ва Қарору протоколҳои ВКД мавриди таҳлилу барррасӣ қарор дода шудааст.
  Сипас дар ҷараёни ҷаласаи мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти оперативӣ-хизматии милитсияи пойтахт пеш аз ҳама аз иҷроиши босифату саривақтии нақша-чорабиниҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсия сарчашма мегирад.


  Ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки дар доираи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҳар як корманди милитсия талаб карда мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва оромии сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ тамоми саъю талоши худро равона намуда, тадбирҳои мушаххас андешанд. Маҳз бо саъю талош ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти қудратӣ осоиштаҳолии шаҳрвандон таъмин буда, дар ин раванд боз ҳам ҳушёриву зиракӣ, масъулияти баланди касбию хизматӣ ва эҳсоси меҳанпарастиро аз ҳар нафар талаб намуда, дар пойдории ин ганҷи ноёб беш аз пеш фаъолияти дучанд намоем.
  Сипас, дар идомаи ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.


  Дар ҷараёни машварати оперативӣ-хизматии мазкур аз натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи милитсияи пойтахт изҳори қаноатмандӣ гардида, иброз гардид, ки барои боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон милитсияро мебояд тамоми талошҳоро роҳандозӣ намоянд.
  Дар ҷараёни машварати оперативӣ-хизматии мазкур фаъолияти нозирони минтақавии милитсия низ натиҷагирӣ гардида, оид ба тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли хизматӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зич бо аҳолӣ аз ҷониби сардори милитсияи пойтахт як қатор дастуру супоришҳо ироа гардид.


  Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт аз ҷониби баъзе аз ронандагон Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя нагардида, бо гузоштани автомашинаҳои худ дар ҷои номуқарраргардида ба тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт оварда расонида ҳамзамон ба ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд. Дар ҷараёни машварати оперативӣ-хизматӣ масъалаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки дар ин самт фаъолияти нозирони роҳ ҷоннок гардида пеши роҳи он гирифта шавад.
  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019, як қатор қарорҳо ва нақша-чорабиниҳои мушаххас барои амалигардонӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ қабул гардиданд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin